Хабарҳо

ҲАБСИ ДУ МАРДИ БАДЗАБОН БАРОИ БЕЭҲТИРОМӢ БА БОНУВОН (ВИДЕО)

Дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон боз ду ҷавонро барои беэҳтиромӣ нисбат ба бонувон ба ҳабси маъмурӣ маҳкум кардаанд. Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки 1. Чилаев Шуҷо Шоҳраҳимович, санаи таваллудаш 08.08.1997;2. Исмонов Хусрав Нуриддинович, санаи таваллудаш 15.05.1996 санаи 28 март ҳангоми дар кӯчаи Фирдавсӣ дар назди маркази савдои «Содот» қарор доштан нисбат ба ду апаву хоҳар, ҳарду сокинони шаҳри Душанбе беэҳтиромӣ зоҳир намудаанд. Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбат ба ҳарду дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ нисбати Чилаев Шуҷо ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯз ва нисбати Исмонов Хусрав ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз таъин карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button