Хабарҳо

ЗАДУХӮРДИ САНГИН БАЙНИ ТОЛИБОН ВА ҶАБҲАИ МУҚОВИМАТ ДАР ПАНҶШЕР

Пойгоҳи хабарии “Сангар”, ки бештар масоили муқовимати зидди Толибон дар Афғонистонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки рӯзи 1 апрел дар дараи Пунии вилояти Панҷшер байни нирӯҳои Толибон ва Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон задухӯрди сангине сурат гирифтааст. Ин шадидтарин ва барои Толибон пурқурбонитарин даргирӣ дар Панҷшер пас аз суқути он ба дасти ҷунбиши Толибон дар моҳи сентябри соли 2021 номида мешавад. Аминҷони Ҳисоракӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ба сомонаи “Сангар” гуфтааст, «1 апрел, сари Толибон як ҳамлаи ғофилгирона сурат гирифт. Толибон дар ду мошини “Рейнҷер” 12 ҷасади фавтидагони худро ба шифохонаи Руха интиқол доданд. Толибон дар умум ҳудуди 30 кушта ва 15 захмӣ ба ҷой гузоштанд. Нерӯҳои мо осебе надиданд. 17 силоҳи навъи мухталиф низ ба ғанимати муқовиматгарон афтод”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button