Хабарҳо

ҶАСАДИ ЯК ШАХСИ НОМАЪЛУМРО АЗ ДАРЁИ ДУШАНБЕ БЕРУН КАШИДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шоми 30 март ҷасади як нафарро аз дарёи Душанбе берун кашидаанд. Шахсияти ӯ то ҳол муайян карда нашудааст.Бино ба иттилои кумита, рӯзи 30 марти соли 2022, соати 17:09, ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар расид, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, пеш аз пули мошигузари собиқ бозори “Султони Кабир”, дар дохили рӯди Душанбе ҷасади нафаре намоён шудааст.Баъди гирифтани хабар дастаи махсуси зудамали наҷоти раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 17:30 ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти умури дохилаи ноҳияи Фирдавсӣ супориданд. Мақомот ҳоло дар пайи муайян кардани шахсияти нафари ғарқшуда мебошанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button