Хабарҳо

ЯК ТОҶИК ТОҶИКИ ДИГАРРО БАРОИ ПУЛИ ҚАРЗ ДАР ҚАБАТИ 39-УМИ “ЛАХТА-ЦЕНТР” КОРД ЗАДААСТ

Дар шаҳри Санкт Петербурги Русия як муҳоҷири тоҷик як тоҷики дигарро дар қабати 39-уми сохтмони “Лахта Центр” корд задааст.Бино ба иттилои Мойка78, рӯзи сешанбе, 29 март, соати 13:25, ба пули дар бораи ҳамла бо корд дар бинои “Лахта Центр” дар хиёбони Лахта, бинои №2 хабар додааст. Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса рафта, муайян кардаанд, ки тақрибан соати 13 як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ дар қабати 39-уми бино бо як шаҳрванди дигари низ 30-солаи Тоҷикистон барои пули қарз вориди муноқиша шуда, бо талаби пулаш ӯро латтукӯб кардааст ва ҳам корд задаст.Ҷабрдидаро дар ҳолати вазнин ба бемористон бурдаанд. Табибон дар бадани ӯ ҷароҳати косахонаи мағзи сар, захмҳои зиёди халандаю буранда дар ноҳияи косахонаи сар ва осеби мағзи сарро ташхис кардаанд. Дар робита ба ин ҳодиса бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштор бар асоси моддаи 30, қисми 3 ва моддаи 105, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Русия парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба ӯ бар асоси ин банди қонун аз 6 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button