Хабарҳо

ДИҚҚАТ! МОДАРИ КӮДАКИ ШИРМАК ГУМ ШУДААСТ. БАРОИ ЁФТАНИ МАВЗУНА КУМАК КУНЕД!

ДИҚҚАТ! МОДАРИ КӮДАКИ ШИРМАК ГУМ ШУДААСТ. БАРОИ ЁФТАНИ МАВЗУНА КУМАК КУНЕД!Маҳмадрасулова Мавзуна Анваровна, санаи таваллудаш 10 августи соли 2001, сокини шаҳри Душанбе, ҷамоати Россия, кӯчаи Яккатут, хонаи №306, субҳи 19 марти соли 2022, соати 08:00 аз хона баромада, бо ҳамин бедарак шудааст. Ин ҷавонзан модари як кӯдаки шашмоҳаи ширмак аст, ки дар хона мондааст. Наздиконаш аз ҳамагон барои ҷустуҷӯи Мавзуна кумак металабанд. Аз онҳое, ки дар бораи куҷо будани Мавзуна Маҳмадрасулова маълумоте доранд, вай ӯро тасодуфан дар ягон ҷо дида бошанд, бо ин рақам занг зананд:+992 907 89 89 08Аз ҳамаи ҳамватанон хоҳиш мекунем, ки барои пайдо кардани Мавзуна Маҳмадрасулова низ камари ҳиммат бубанданд ва якҷоя даст ба дуо бикушоянд, то Худованд ин ҷавонзанро ба пеши наздиконаш ва фарзанди хурдсолу ширмакаш баргардонад!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button