Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Муҳоҷироне, ки ба пулис ҳуҷум карда буданд, ҷазои сахт мегиранд

Муҳоҷиронеро, ки дар метро ба кормандони пулис ҳамла кард буданд, то 5 соли зиндон таҳдид мекунад

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Муҳоҷироне, ки дар истгоҳи метрои «Тулская» бо пулис задухӯрд карданд, дар Русия ғайриқонунӣ иқомат мекардаанд. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Москва 24» хабар додааст.

Ин шаҳрвандони хориҷӣ дар пойтахт кор мекарданд ва дар манзили иҷора ба сар мебурданд. Шахсоне, ки муҳоҷиронро бо кору манзил таъмин кардаанд, низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса моҳи феврали соли 2022 рух дода буд. Дар истгоҳи метрои «Тулская» пулис шаҳрвандони хориҷиро барои тафтиши асноди онҳо амр кардааст. Муҳоҷирон ба дархости мақомоти интизомӣ итоат накардаанд.

Баъди ин дар байни хориҷиён ва пулис задухӯрд ба амал омад. Яке аз ҳамлагарон дар ҷойи ҳодиса боздошт шуда, ба дувумӣ муяссар шуд, ки фирор кунад. Ба иттилои расонаҳо, шаҳрванди боздоштшуда зодаи 21-солаи Тоҷикистон будааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button