ВарзишМУҲОҶИРОНТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Ду медали тиллои дучархаронҳои тоҷик: Устодон гирифтанд, на шогирдон

Дар охирон рӯзи мусобиқаи велосипедронии Осиё дар Душанбе устодону ҳавасмандони ин навъ варзиш байни ҳам сабқат намуданд ва намояндагони Тоҷикистон натиҷаи хуб нишон доданд

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар рӯзи шашуми баргузории Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ, сабқатҳои кушоди Тоҷикистон байни устодонва ҳаваскорон таҳти номи Tajikistan Challenge Masters and Amateurs дар панҷ категорияҳои синну солӣ доир гардид.Бар хабари сомонаи «Варзиш» дар байни сабқатҳо миёни устодони синнашон 40-49 — сола намояндаи Тоҷикистон Александр Игонин сазовори медали тилло гардид.

Дар ин сабқат медали нуқраро низ варзишгари тоҷик Баҳриддин Азамутдинов ба гардан овехт.Зимнан, дар охирин категорияи синну солӣ миёни устодони 50-59 — сола низ намояндаи Тоҷикистон Ринат Батиршин созовори медали тилло гардид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button