Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Арабистони Саудӣ 600 кӯдаки ятими тоҷикро кумак мекунад

Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон ба 600 нафар кӯдаки ятим кумаки ҳармоҳаи пулӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) тайи 12 моҳ ба 600 нафар кӯдаки ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) бо дастгирии Маркази имдод ва корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмони Арабистони Саудӣ кумаки ҳармоҳаи молиявӣ мерасонад, иттилоъ додааст маркази иттилооти ҶҲАТ.

Тибқи иттилои манбаъ, дар робита ба ин ахиран дар Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе миёни ҶҲАТ ва Маркази имдоду корҳои башардӯстонаи Шоҳ Салмон созишномае дар бораи оғози лоиҳаи “Сарпарастии ятимон дар Тоҷикистон” дар соли 2022 ба имзо расид.“

Дар марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур давоми 12 моҳ 600 нафар аз кӯдакони ятим дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ВМКБ дастгирӣ меёбанд. Дастгирии ҳар кӯдаки ятим тавассути кушодани корти бонкӣ ба онҳо амалӣ гардида, мувофиқи созишнома, ҳар моҳ маблағи 100 доллар бо қурби асъори миллии Тоҷикистон — сомонӣ ба корти бонкии ятимони интихобшуда мегузарад”, — таъкид кардааст ҶҲАТ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button