Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Путин ва Макрон пас аз музокирот дар Истанбул вазъи Украинаро баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 29 мар — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ва кишвардори Фаронса Эммануэл Макрон музокирот дар Истамбулро натиҷагирӣ карда, вазъи Украинаро баррасӣ намуданд.Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Русия хабар медиҳад.

«Мубодилаи афкор оид ба ҷанбаҳои мубрами рушди вазъ дар атрофи Украина, аз ҷумла бо назардошти даври навбатии музокироти намояндагони Русия ва Украина, ки имрӯз дар Истанбул анҷом ёфт, идома ёфт», — омадааст дар хабар.

Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард.Президент Владимир Путин ҳадафи онро «ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button