Хабарҳо

ОФАРИН, УМЕД! ҶАВОНИ ТОҶИК 3 ҲАЗОР ДОЛЛАР ЁФТУ БА СОҲИБАШ БАРГАРДОНД

Тарроҳ ва саҳифабанди ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Умед Султонов дар рӯзҳои иди Наврӯз дар бозори марказии Ҳисор як ҳамёнро бо 3 ҳазор доллар пулу ҳуҷҷатҳо пайдо карда, ба соҳибаш баргардондааст.“Мошинро дар назди бозори марказии Ҳисор мондам, то модарам даромада, харид кунанд. Худам бо фарзандони хурдсолам дар дохили мошин нишастам. Ногоҳ назарам берун аз мошин, ба ҳамёни рӯйи замин афтод. Гирифтам ва дар дохили мошин ҳисоб кардам, ки 3000 доллар, як миқдор сомонӣ ва шиноснома аст”, нақл кардааст Умед.Баъди тақрибан 10 дақиқа ӯ дар берун занеро дид, ки бо хотири парешон аз одамони роҳгузар ҳамёни гумшударо мепурсид. “Чун дидам, ки бо либосҳои азодорист, дилам сахт сӯхт ва назди мошин даъват кардам. Тамоми чӣ гуна гум шудани ҳамёнро пурсидам. Ҳамаашро рост гуфт. Ҳамёнро бо тамоми маблағаш ба ин зан баргардонидам. Ӯ хурсанд шуд ва бароям 100 доллар ҳадя пешниҳод кард, аммо нагирифтам. Маълум шуд, ки шавҳари ин зан чанде пеш аз олам гузашта будааст. Ӯ нақл кард, ки дар маркази шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад ва ин маблағҳои қарз аст, ки бояд ба соҳибонаш бармегардонд…»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button