Хабарҳо

ҲАБСИ ДУ ДОНИШҶӮ БАРОИ ТАҲҚИРИ ЯК ҶАВОНЗАН ДАР ДУШАНБЕ (4 АКС)

Маркази матбуоти РВКД Душанбе хабар дод, ки ду ҷавонро дар пойтахти Тоҷикистон бо ҷурми таҳқир ва паст задани шаъну эътибори як ҷавонзан 5-шабонарӯзӣ ҳабс кардаанд.Бино ба иттилои расмӣ, як ҷавонзани сокини шаҳри Душанбе, ки корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ будааст, ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намуд, ки санаи 24-уми марти соли ҷорӣ ҳангоми дар боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ қарор доштанаш, ду ҷавони 20-25-сола бе ягон сабаб ба ӯ дарафтода, бо алфози қабеҳ шаъну шарафи номбурдаро паст задаанд. Милитсияи Душанбе гуфт, дар натиҷаи баррасии муроҷиати мазкур шахсияти гумонбарон муайян ва дастгир карда шуда, ба мақомоти милитсияи дастрас карда шуданд, ки инҳо мебошанд: 1. Миров Акмал Аброрович, санаи таваллудаш 16.04.2000, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Қосимов, донишҷӯи курси 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;2. Вадудзода Валиҷон Маҷид, санаи таваллудаш 17.10.2003, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, кӯчаи Қосимов, донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button