Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо иҷозати писараш ба рухсатӣ рафт

Президенти пешини Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки чанд рӯз пеш қудратро ба писараш Сардор Бердимуҳаммадов супурд, аз 1 апрели соли 2022 ба рухсатӣ хоҳад рафт.

Бино ба иттилои хабаргузории расмии «Туркманистон имрӯз», Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 25 март дар ҷаласаи ҳукумат аз писараш дархост кардааст, ки ба ӯ иҷозат диҳад, то ба рухсатӣ биравад.

«Тавре шумо огаҳед, 40 сол мешавад, дар вазифаҳои раҳбарӣ кор мекунам ва 25 сол мешавад, бо сиёсат машғул ҳастам. Бо назардошти зиёд будани корҳо дар ин давра натавонистаам, истироҳати комил намоям», — изҳор доштааст Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов.

Ӯ гуфтааст, дар давраи рухсатӣ навиштани китоби навашро ба поён расонида, ба Форуми байнипорлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ — Русия, Муколамаи бонувони кишварҳои Осиёи Марказӣ — Русия ва чорабиниҳои дигари байналмилалӣ омодагӣ мебинад.

Сардор Бердимуҳаммадов дархости падарашро қабул кардааст. Аммо муҳлати рухсатии Бердимуҳаммадови калонӣ гуфта нашудааст.

Бердимуҳаммадови хурдӣ, ки ахиран барандаи интихоботи президентии Туркманистон эълом шуд, 19 март расман корро дар мақоми раисҷумҳурии он кишвар шуруъ кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button