Хабарҳо

АГЕНТӢ: РАИСИ “ ТОҶИКМАТЛУБОТ”-И КӮЛОБ 27 ҲАЗОР СОМОНӢ ПОРА ГИРИФТААСТ

Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши пешакӣ ва дар пайи тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ супурда шудани парвандаи Раҳимова Меҳринисо, раиси Раёсати ҷамъияти «Тоҷикматлубот»-и шаҳри Кӯлоб хабар дод. Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия дар шарҳи ин парванда гуфт, ки Раҳимова Меҳринисо Убайдуллоевна дар вазифаи раиси Раёсати ҷамъияти «Матлубот»-и шаҳри Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст. “Чунончӣ, шаҳрванд “А” ҷиҳати ба охирон вобаста намудани нуқтаи савдо ба Раҳимова М.У. муроҷиат намуд. Номбурда аз ин ҳолат истифода намуда, вобаста ба мавқеи ишғол намудааш барои иҷро кардани амали мазкур аз охирон дар ду ҳолат маблағи 27 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 10 000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 17 000 сомониашро талаб намуд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ –тафтишотӣ Раҳимова М.У. ҳангоми аз шаҳрвад “А” гирифтани маблағи 17000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифта шуд”, — гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button