Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Толибон дари мактабҳои духтаронаро дар Афғонистон кушоданд, аммо зуд бастанд

Толибон тибқи ваъдаи худ рӯзи 23-юми март дари мактабҳои миёнаро ба рӯйи духтарон дар Афғонистон кушоданд, вале ҳамагӣ пас аз чанд соат бастанд.

Онҳо гуфтанд, танҳо баъд аз таҳияи нақшае бар асоси қонунҳои исломӣ ва фарҳанги маҳаллӣ мактабҳои духтаронаро боз хоҳанд гузошт.

Хабаргузории «Бохтар Нюс» бо такя ба эълони Вазорати маорифи Толибон навишт, «ба мактабҳои духтарона ва он мадрасаҳое, ки духтарони аз синфи шашум боло таҳсил мекунанд, хабар медиҳем, то фармони навбатӣ ба таътил бираванд.»

Сухангӯйи Толибон, Иномулло Самангонӣ, дар суҳбат бо хабаргузории «Франс Пресс» дурустии фармонро тасдиқ кардааст.

Пештар баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар аз тасмими Толибон барои кушодани мактабҳои духтарона ситоиш карда, ҳамзамон ба иҷрои он шубҳа доштанд. Ҳизер Барр, намояндаи Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch, рӯзи 22-юми март гуфт, «изҳороти Толибон аксаран аз амалкарди Толибон фарқ дорад.»

Гуруҳи тундрави Толибон, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт. Ҳокимони нави Кобул дарҳол духтаронро аз таҳсил ва занонро аз кор дар идораҳо ронданд.

Бо гузашти ҳафт моҳ ҳеч кишвар «аморати исломӣ»-и Толибонро ба расмият нашинохтааст. Созмону кишварҳои ҷаҳон риояи ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи занону духтаронро ба кору таҳсил, яке аз шартҳои пазируфтани ҳукумати Толибон медонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button