Хабарҳо

МАРЗБОНҲОИ ТОҶИК ЯК МАРЗБОНИ ҚИРҒИЗРО ЛАТТУКӮБ КАРДААНД

Нирӯҳои марзбонии Қирғизистон мегӯянд, ки марзбонони тоҷик рӯзи 19 марти соли 2022 як марзбони қирғизро латтукӯб кардаанд. Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ин хабарро то ҳол шарҳ надодааст, вале маркази матбуоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, рӯзи 19 март як сарбози воҳиди марзбонии Лайлау дар мавзеи Садаи ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд як мошини ношиносро дар назди хатти сарзад дида, барои боздошти он ба минтақае, ки марзбонҳои тоҷик аз воҳиди марзбонии Ғончӣ навбатдорӣ мекарданд, гузаштааст.Марзбонҳои тоҷик сарбози қирғизро дастгир кардаанд. Ба дунбол, музокироти намояндагони марзбонии воҳидҳои марзбонии Лайлаку Ғончӣ сурат гирифтаа, дар натиҷаи он марзхбони дастгиршударо ба ҷониби Қирғизистон супурдаанд. “Ҳангоми муоина маълум шуд, ки сари ӯро кафондаанд, дар баданаш варамҳо дида мешаванд ва либосаш хунолуд шудааст. Ба гуфтаи сарбоз, байни ӯ ва марзбонҳои тоҷик занозанӣ шудааст. Дар ҳоли ҳозир, вазъи саломатии сарбоз муътадил арзёбӣ мешавад, ӯ дар шароити статсионӣ таҳти табобат қарор дорад”, — гуфта мешавад дар хабар.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button