Хабарҳо

БА ТОЛИБОН ҲАМ ДАРКОР НАШУД: БАРКАНОРИИ ҲАМИДИ ХУРОСОНӢ, ЯК ЗОДАИ ПАНҶШЕР, КИ БА ТОЛИБОН ПАЙВАСТ

Сомонаи СангарТҷ, ки бо ҳуруфи сирилик таҳаввулоти Афғонистонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки Ҳамиди Хуросонӣ аз мақоми фармондеҳи амнияти вилояти Панҷшер барканор карда шудааст. Ҳамид ё Абдулҳамиди Хуросонӣ аз ҷумлаи он зодагони ангуштшумори Панҷшер буд, ки бо ҳаракати Толибон муомила кард ва ба онҳо дар тасарруфи Панҷшер кумак карда буд.Аммо мақомоти Толибон гуфтаанд, ки фармони барканории Абдулҳамиди Хурсонӣ ҳанӯз се моҳ пеш имзо шуда буд, вале ӯ ҳамчунон худсарона кор мекард.Абӯбакри Сиддиқ, сухангӯи волии аз сӯи Толибон таъйиншудаи вилояти Панҷшер ба сомонаи “Сангар гуфт: “Абдулҳамиди Хуросонӣ ҳеҷ собиқаи муҷоҳидӣ надошт, як фарди лаҷуҷу дузду раҳзан буд ва қаблан зидди иморати исломӣ ҳарфҳое гуфта буд, ки ҳама сабту маълуми мардум аст. Ӯ аз ҳамон оғоз ҳеҷ гоҳ расман фармондеҳи амнияи Панҷшер набуд ва фармонаш низ аз сӯи вазорати дохила содир нашудааст”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button