Хабарҳо

ҲАЛОКАТИ РОНАНДА ДАР РОҲИ АЙНӢ – МАСТЧОҲ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар бораи боз як садамаи марговар дар роҳҳои кишвар хабар дод. Бино ба иттилои мақомот, 19-уми марти соли 2022, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира», Ҳомидов Мафрӯз Ҳомидович, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Айнӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Айнӣ-Мастчоҳ” дар ҳудуди мавзеи деҳаи Айнӣ-1, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти ҳаракати муқобили роҳ баромада, ба қафои автомашинаи тамғаи “Дулан”, таҳти идораи ронанда, Юнусов Қаҳрамон Раҳмонович, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрдааст.Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Ҳомидов М.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button