Хабарҳо

ТАКЛИФИ ҲАМХОБАГӢ КАРД, ЗАН НЕ ГУФТ… 15 СОЛ ҲУКМИ ЗИНДОНИ СОКИНИ ТУРСУНЗОДА

Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 марти соли 2022 сокини шаҳри Турсунзода Қаландаров Камолиддин Буроновичро бар асоси моддаҳои 32, қисми 3 – 104, қисми 2, банди «е» Кодекси ҷиноятии ҷумҳурӣ дар сӯиқасд ба одамкушӣ гунаҳкор шинохта, ба 15 соли зминдони низомаш сахт маҳкум кард.“Камолиддин Қаландаров аз ошхонаи манзили зисташ ду адад корди ошхонагиро гирифта, дар ҳузури фарзандони ноболиғаш Қаландаров Ҷ.К. ва Қаландаров Ҷ.К. ба Яқубова Л.А. ҳамла намуда, бо кордҳои дар дасташ буда, шаш маротиба ба қисмати қафаси сина, шикам, камар ва дасти ӯ зарба зада, ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи сабук ба саломатиаш расонидааст. Сипас, фарзанди ноболиғаш Қаландаров Ҷ.К. бо мақсади ҳимояи модараш доду фарёд намуда, байни онҳо даромада, амалҳои минбаъдаи падарашро пешгирӣ намудааст ва бинобар ин Қаландаров К.Б. қасди ҷиноятии худро то ба охир амалӣ карда натавонистааст”.Назари худи маҳкумшуда ваё наздикону адвокаташ дастрас нест.Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи куштор ё қасди куштори зану шавҳар гузоришҳо зиёд ба даст мерасанд. Ҷомиашиносон инро ба коҳиши арҷу эҳтиром ба суннатҳои анъанавии оиладорӣ ва рӯҳониён ба суст шудани пояҳои имон ва арзишҳои динии мардум рабт медиҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button