Хабарҳо

МАРГИ СЕ МУСОФИР ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР БАЛҶУВОН ВА ПАНҶ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 16 март бар асари ду садама дар ноҳияҳои Балҷувон ва Панҷ дар ҷануби кишвар се нафар, аз ҷумла ду ҷавони 27 ва 23сола ва як зани 49сола ба ҳалокат расидаанд. Дар Балҷувон дар роҳи деҳаи Саримазор мошини тамғаи “УАЗ-3151” чаппа шуда, боиси ҳалокати ду мусофири ҷавон шудааст. Ва аммо дар ноҳияи Панҷ бар асари бархӯрди ВАЗ21010 бо “Опел Астра” як зани мусофири “Жигули” ҷон бохтааст.Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки дар давоми рӯзи 15 март дар роҳҳои ҷумҳурӣ боз ду садамаи марговар рӯй дода, 4 кушта ба ҷо гузоштааст. Садамаи аз ҳама пурқурбонӣ соати тақрибан 14:00 дар шоҳроҳи “Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ” бар асари ба қафои мошини боркаши тамғаи “Ҳово” бархӯрдани “Мерседес-Спринтер” рух дод ва боиси ҳалокати се нафар: ронанда ва ду мусофираш, аз ҷумла як навраси 15-сола шуд. Ҳамчунин соати сеюними шаби 15 март бар асари ба дарахт бархӯрдану сипас ба ҷарӣ сарозер шудани як мошини “Дэу Сиэло” дар мавзеи Гулистони роҳи Ҳамадонӣ – Кӯлоб як мусофири 26-солаи “Дэу” ҳалок шуда, якеи дигар захмӣ шуд.Бино ба омори расмии ВКД Тоҷикистон, соли 2021 бар асари 1102 садамаи нақлиётӣ дар роҳҳои ин кишвар 395 нафар ба ҳалокат расида, 1 218 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button