Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

«Суғдиён»-и Узбекистон охирин рақиби бошгоҳи низомиёни Душанбе дар Ҷоми AFC шуд

Рақиби охирини КМВА (Клуби марказии варзишии артиш)и Душанбеҷоизадори биринҷии қаҳрамонии Тоҷикистон, дар Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)2022 дастаи “Суғдиён”, барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Узбекистон, гардид.

Ин даста баъди он ки рӯзи 15-уми март тими “Насаф”-и Узбекистон дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2022 бар тими «Бани Яс»-и Имороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқа роҳ ёфт, маълум шуд.

«Суғдиён» охирин рақиби КМВА-и Душанбе дар Ҷоми AFC-2022 дар гурӯҳи «Е» мебошад. Ба ҷуз аз КМВА ва «Суғдиён», дар ин гурӯҳ қаҳрамони бисёркаратаи Туркманистон – «Олтин Асир» ва «Нефтчӣ» (Қирғизистон) бозӣ хоҳанд кард.

Бозиҳои Ҷоми AFC-2022 дар гурӯҳи «Е» аз 24-ум то 30-юми июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Ҳамчунин бозиҳои гурӯҳи «F» бо ширкати ноиби қаҳрамони Тоҷикистон — «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд аз 24-ум то 30-юми июн дар шаҳри Бишкек доир мегарданд. Рақибони “Хуҷанд” қаҳрамони 13-каратаи Қирғизистон — «Дордой» ва қаҳрамони шашкаратаи Туркманистон — «Копетдоғ» хоҳанд буд.

Дастаҳои беҳтарини гурӯҳҳо дар финали минтақавии Ҷоми AFC-2022 бозӣ мекунанд, ки ғолиби он соҳиби роҳхат ба даври баъдии мусобиқа ва 100 ҳазор доллари амрикоӣ мешавад.

Ҷоми AFC-2022. Минтақаи марказӣ:

Гурӯҳи «Е»: «Суғдиён» (Узбекистон), «Олтин асир» (Туркманистон), КМВА (Тоҷикистон), «Нефтчӣ» (Қирғизистон).

Гурӯҳи «F»: «Хуҷанд» (Тоҷикистон), «Дордой» (Қирғизистон), «Копетдоғ» (Туркманистон).

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button