Хабарҳо

CЕЛУ ОБХЕЗӢ ДАР АШТУ ВОСЕЪ ВА ТАРМА ДАР ТОҶИКОБОДУ ВМКБ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи чанд рӯзи охир дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар як силсила офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ ва фаромадани тарма рӯй дода, ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва хонаву заминҳои кишти мардум зарари ҷиддӣ расондааст.Аз ҷумла рӯзи 13-уми марти соли равон тахминан соати 23:10 дақиқа аз сабаби боридани борони шадид сатҳи оби селроҳаи Аштсой ва Пунуксой баланд гардида, ба канали Фарғона мавзеи Косагул, маҳаллаи Янгиободи ҷамоати деҳоти Ориён селоба сарозер шуд.Сел ба 18 ҳавлӣ ва 2 хонаи истиқоматии сокинони маҳаллаи мазкур, инчунин ба ҳавлии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67 ва тақрибан 70 гектар замини кишоварзӣ ворид шуд ва зарар расонд.Ҳамчунин рӯзҳои 12 ва 13 марти соли 2022 дар ҷамоати деҳоти ба номи Х.Раҷабов, деҳаи Гултеппа, мавзеи Хоҷаи Шоми ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар натиҷаи бориши борони зиёд сатҳи оби дарёи Ёхсу баланд шуда, 850 метр саддҳои муҳофизатӣ шуста шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button