Хабарҳо

МУҲОҶИРИ ТОҶИК ЯК КӮДАКРО ДАР МЕТРОИ МАСКАВ АЗ МАРГ НАҶОТ ДОД

Як шаҳрванди 40-лаи Тоҷикистон дар истгоҳи метрои “Библиотека имени Ленина” дар маркази шаҳри Маскав як кӯдакро аз марг наҷот додааст, хабар дод MK.ru.Ин ҳодиса рӯзи 13 март рӯй додааст. Як хонандати синфи 4, ки рӯзҳои якшанбе берун аз дарс ба курсҳои дуредгарӣ мерафт, дар истгоҳи “Багратионовская” ба метро савор шуда, бояд ба хонааш дар ноҳияи Соколники мерафт. Аммо ҳангоми табдили истгоҳ дар истгоҳи “Библиотека имени Ленина” ин кӯдак ногаҳон ба рӯи хатти ҳаракати қатори метро афтодааст. Тавре як шоҳиди ҳодиса ба “МК” нақл кардааст, як марди симояш осиёӣ аз паси кӯдак худро ба рӯи хатти роҳи метро партофта, ҳанӯз то расидани қатор кӯдакро берун кашидааст. Маълум шуд, ки ин марди наҷотбахши кӯдак шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон будааст.Кӯдакро ба бемористон бурда, дар реаниматсия хобондаанд. Вазъи саломатии ӯ вазнин аст, чунки дар натиҷаи афтодан ҷигару талхаи кӯдак кафидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button