Хабарҳо

“ДИЛАМ БА ОНҲО НЕ, БА КӮДАКОНАШ МЕСӮЗАД. НАМЕХОҲАМ, БЕПАДАР КАЛОН ШАВАНД. МАН ОНҲОРО БАХШИДАМ!

” Шаҳноз Комилзода, журналисти шинохтаи тоҷик дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки мурофиаи додгоҳии ду ҷавоне, ки рӯзи 19 декабри соли 2021 дар маркази Душанбе духтари ноболиғи ӯ Мумтоз (абераи шоири шуҳратёр Мӯъмин Қаноат) ва як дугонаашро озору таҳқир доданд, ба поён расидааст.Айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ барои Қурбонов Кароматулло Файзалиевич, мулаққаб ба “Каром”, санаи таваллудаш 9 сентябри соли 2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Аҳмади Дониш, гузаргоҳи 2 3 солу 6 моҳи зиндон ва барои шарики ӯ Носиров Маъруф Муродалиевич, санаи таваллудаш 6 сентябри соли 1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Теппаҳои шарқӣ, ки бар асоси қисми дуюми моддаи 237 ба авбошӣ айбдор мешуданд, 3 соли зиндон талаб кард.Вале Мумтоз ва дугонааш аз додрас хостаанд, ки онҳоро зиндон накунанд. Онҳо гуфтаанд, ҳар вақте бо ду кӯдаки хурдсол ба мурофиа омадани ҳамсари яке аз ин ҷавонҳоро медиданд, дилашон реш мешуд ва ба ҳоли кӯдакон месӯхт, ки агар ин ҷавононро зиндонӣ кунанд, онҳо бе падар чӣ хоҳанд кард? Дарди бепадарӣ барои Мумтоз, ки падараш Баҳрин Қаноат соли 2020 ҷавонмарг шуд, хеле ошност.Шаҳноз муколамаи додрасро бо духтараш дар ин бобат чунин нақли қавл кардааст:Прокурор: … ба М. 3 сол ва ба Қ.3,5 сол ҳабс пешбинӣ шавад…Судя: ҷабрдида, сухани охирони шумо, бо дархости прокурор розӣ ҳастед? Мумтоз: (хомӯш монд, нигоҳе ба панҷараи айбдоршаввндаҳо карду бо садои ларзон гуфт) Не, розӣ нестам! 3 сол зиёд аст. Судя: Зиёд? онҳо шуморо заданд боз дилат ба онҳо месӯзад? Мумтоз: ба онҳо не, ба кӯдаконаш дилам месӯзад. Намехоҳам кӯдакон бе падар калон шаванд! Ман онҳоро бахшидам!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button