Хабарҳо

БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНЗАНИ ТОҶИК БАРОИ … АВБОШӢ (ВИДЕО)

Санаи 12-уми марти соли ҷорӣ дар як қатор шабаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муноқиша ва дашному ҳақорати як нафар ҷавонзан бо ронандаи автомашинаи сабукрави мусофирбар инъикос ёфтааст. Алфози қабеҳ ва дашному ҳақоратҳои ҷавондухтар мавриди вокунишҳои манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифта, зимнан аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд то нисбати ин ҷавонзани дағалгуфтор чораҳои қонунӣ андешида шавад.

https://www.youtube.com/embed/17oxb1DQn0E
  Дар натиҷаи санҷиши навори мазкур муайян карда шуд, ки ҷавондухтари дар навор инъикосёфта шаҳрванд Набиева Дилноза Азизовна, санаи таваллудаш 26.12.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе маҳаллаи Гипрозем мебошад.


  Зимни санҷиш ва пурсиши шоҳидони ҳодиса ошкор карда шуд, ки Набиева Дилноза аз хизматрасонии автомашинаи мусофирбар истифода намуда, дар баробари пардохт накардани маблағи роҳкиро бо ронандаи автомашина муноқиша ва даст ба гиребон шуда, бо алфози қабеҳ дашном низ додаст, ки ин ҳолат дар навори нашргардида низ баръало мушоҳида мегардад.


  Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони милитсия нисбати Набиева Дилноза тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суди ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Суд дар навбати худ нисбати номбурда бинобар сабаби дар тарбияи худ доштани кӯдаки хурдсол (7-моҳа) ҷазо дар намуди ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 4-нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин намуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button