Хабарҳо

БАРҚИЯИ РАҲИМЗОДА БА КОЛОКОЛТСЕВ ВОБСТА БА ЗАНОЗАНИИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИКУ ҚИРҒИЗ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомона расмиаш хабар дод, ки “вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба вобаста ба ҳодисаи занозании гурӯҳӣ байни муҳоҷирони тоҷику қирғиз, ки 8-9-уми марти соли 2022 дар корхонаҳои бузурги корхонаи коркарди гази Амур ва Маҷмаи гази кимиёвии Амур рӯй дод, ба Вазири корҳои дохилии Федератсияи Русия генерали политсия Колоколтсев В.А. ҷиҳати сари вақт мавриди тафтиш ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани ин ҳодиса барқия ирсол намуд”.Инчунин, меафзояд вазорат, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП), генерал-майори милитсия Фатозода А., ки ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ низ машғул аст, вазифадор карда шудааст, ки бо ҳамтоёни худ дар Федератсияи Русия дар алоқа бошад ва ба рафти тафтишот кумак расонад.Тавре қаблан хабар додем, рӯзҳои 8-9 март дар сохтмони корхонаҳои бузурги Корхонаи коркарди гази Амур (Амурский ГПЗ) ва Маҷмаи газу кимиёвии Амур (АГХК) байни муҳоҷирон аз Тоҷикистону Қирғизистон занозаниҳои оммавӣ рӯй дод.

https://www.vkd.tj/index.php/tj/ruydodho/33689-barrasii-odisai-zanozanii-gur-b9ajni-mu-o-ironi-to-iku-ir-iz-ta-ti-nazorat-aror-dorad

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button