Хабарҳо

Хабари матбуоти РВКД дар ВМКБ

Маркази матбуоти шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ хабар медиҳад, ки санаи 10-уми марти соли ҷорӣ, тахминан соати 12:20-дақиқа, шаҳрванд Саидбеков Ифтихор Назарбекович, соли таваллудаш 1995, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ҷомӣ, бинои 15, ҳуҷраи 2, дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи бозрасии давлатии автомобилӣ, воқеъ дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ ба кирдорҳои авбошона даст зада, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таҳқир намудааст.

Шаҳрванд Саидбеков Ифтихор Назарбекович барои содир намудани кирдорҳои ғайриқонунӣ дастгир карда шуда, нисбати ӯ чорабиниҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дида мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button