Минтақа ва ҶаҳонТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳ

Фаронса гуфт, барои роҳандозии парвозҳо бо Тоҷикистон омода аст

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба муносибати барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо барқияи шодбошӣ ирсол намуд.

Дар он ба ҷуз аз суханони табрикотӣ, Макрон эълом дошт, ки Фаронса барои боз кардани иртиботи ҳавоӣ бо Тоҷикистон омода аст.

«Ман бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки парлумони Фаронса Созишномаро оид ба алоқаи ҳавоӣ, ки мо соли 2019 дар Париж ба имзо расонида будем, ба таъйид расонид.», — гуфта мешавад дар барқия.

Раҳбари фаронсавӣ ёдовар шуд, ки кишвараш баъди он ӯҳдадор шуд, ки Тоҷикистон дар солҳои 2001 то 2014 пойгоҳҳоро ба нерӯҳои ҳавоии Фаронса дар Душанбе таъмин кард.

«Дар ҳоле ки мо ба 30 соли гузашта менигарем, ман мехостам бори дигар ба кишвари шумо миннатдории Фаронсаро иброз намоям»,- гуфт Макрон.

Илова бар ин, вай дар паёмаш таъкид кардааст, ки омода аст кори муштаракро дар ҳама самтҳое, ки дар ҷараёни сафари ахири Раҳмон ба Порис баён шуда буданд, идома диҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button