Хабарҳо

ДАРГУЗАШТИ ЭШОНИ ДАВЛАТХӮҶАИ ҲОИТӢ

Эшони Давлатхӯҷаи Муҳаммадуллоҳ, маъруф ба Эшони Ҳоитӣ, рӯҳонии шинохтаи тоҷик, дар синни 87 аз олам чашм пӯшид. Иллати марги ӯ гуфта нашудааст.Давлатхӯҷаи Муҳаммадуллоҳ соли 1935 дар деҳаи Ярхичи миёнаи ҷамоати Ҳоити ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) дар оилаи диндор ба дунё омада, маълумоти аввалияи диниро дар назди падари худ Эшони Аҳмадуллоҳ, ки аз шахсиятҳои маъруфи руҳонии даврони худ буд, омӯхтааст. Ӯ сипас таҳсили улуми диниро дар назди уламои шинохтае, чун Махдуми Муҳаммадикром, Домулло Валӣ ва домулло Муҳаммадии Ҳоитӣ идома додааст. Эшони Давлатхӯҷа дар даврони ҷавонӣ бо марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ ҳамсабақ буд ва даврони толибилмӣ муддатҳо ҳатто дар як ҳуҷра зиндагӣ мекарданд ва ҳам дӯстӣ доштанд.Эшони Давлатхӯҷа соли 1988 ба сафи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ), ки дар он даврони Шӯравӣ низ пинҳонӣ амал мекард, пайваст ва то манъи дигарбораи он дар соли 2015 аз ҷумлаи раҳбарони ин ташаккули сиёсии мазҳабӣ буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button