Хабарҳо

ВИДЕО: МОШИНИ НАВИ “ФЕРРАРИ”-И РАҲИМИ ҒАРМӢ

Дар Интернет бо нашри як видео аз гаражи Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ, як соҳибкори маъруфи тоҷик хабар доданд, ки ӯ ба тозагӣ як мошини нави гаронбаҳои тамғаи “Феррари” харидааст. Ин тамғаи мошинҳо хеле нархи баланд дошта, нархашон аз 200 ҳазор доллар сар мешавад ва нархи бархе тамғаҳои нодиру ангуштшумораш ҳатто то ба чанд миллион доллар мерасад.Дар видео мебинем, ки як мошини нави “Феррари” –и рангаш сафедро аз мошини мошинкаш пойин мефароранд ва онро ба гаражи Раҳими Ғармӣ бурда, дар паҳлуи мошинҳои дигари ғаронбаҳои ӯ ҷой мекунанд. Рақами ин “Феррари” 99 99 WW 01 аст. 99 99 рақами дӯстдоштаи Раҳими Ғармист ва аксари мошинҳояш ҳамин рақамро доранд.Соли гузашта Раҳими Ғармӣ дар мусоҳиба бо блогер Диловар Сафаров дар посух ба ин суол, ки “Барои чӣ ин қадар мошин?” чунин ҷавоб дода буд: “Баъзе одамҳо аспро дӯст медоранд ва асп ҷамъ мекунанд. Ман бошам, мошинро дӯст медорам”, — ҷавоб дод Раҳими Ғармӣ. Дар видеоҳои нашршуда аз гаражи Раҳими Ғармӣ дида мешавад, ки дар онҷо беш аз 10 мошини ҳама люкси гаронбаҳо ҷамъ оварда шудаанд ва тақрибан ҳамааш мисли “Феррари” –и нави ин соҳибкор рақамҳои “крутой” -и 99 99 доранд. ҷамъ оварда шудаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button