Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Ширкатҳои ҳавопаймоии Русия парвозро ба Узбекистон бас карданд

Бино ба хабари расмӣ, Smartavia парвози ҳавопаймояшро дар масири Маскав – Урганҷ – Маскав рӯзи 7 март бекор кардааст.

Дар бораи бекоршавии парвозҳо ба шаҳрҳои Узбекистон ширкати iFly низ хабар дод. Аз 5-уми март ин ширкат барои муддати номаълум парвозҳояшро ба Узбекистон бекор кардааст.

Пештар аз ин ширкатҳои русии «Аэрофлот, «Россия», «Аврора» ва S7 низ хабар доданд, ки парвозҳоро ба Узбекистон қатъ мекунанд.

Баъди ҳамлаи Русия ба Украина кишварҳои ғарбӣ таҳримҳоро нисбати Русия густариш доданд. Миёни ин таҳримҳо — бастани фазои Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва чанд кишвари дигар барои ҳавопаймоҳои Русия ҳаст.

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунин фурӯхтани ҳавопаймоҳо ва қисмҳои эҳтиётиро ба ширкатҳои Русия ва ба иҷора додани ҳавопаймоҳоро ба ширкатҳои русӣ манъ кард.

Ширкатҳои русие, ки ҳавопаймоҳои Airbus-ро ба иҷора гирифтаанд, вазифадор шудаанд, то 28-уми март ҳавопаймоҳоро ба соҳибонашон баргардонанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button