Хабарҳои кӯтоҳ

ВИДЕО АЗ ҶОИ ҲОДИСА: МАСҶИДИ ЗОДГОҲИ РАҲИМИ ҒАРМӢ БА КОМИ ОТАШ РАФТ

Шаби 6 ба 7 март масҷид ва фароғатгоҳи деҳаи Поҷеи поёни дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар шарқи Тоҷикистон ба коми оташ рафтааст. Поҷеи поён зодгоҳи соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ мебошад.Шоҳидони ҳодиса бо ирсоли як видео ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” хабар доданд, ки сокинони деҳа ва хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ ҳарчанд талош карданд, вале фурӯ нишондани оташ барояшон муяссар нагардид. Дар натиҷаи сӯхтор аз ин бинои дуқабата танҳо деворҳояш боқӣ монда, боқимонда ҳамааш сӯхтааст.Ин бинои масҷиди дуқабатаро мардуми деҳа бо пули худ дастаҷамъона дар соли 1990 аз хишти пухта ва бо як тарҳи барои замони худ зебову замонавӣ сохта буданд. Он вақт масҷиди Поҷеи поён калонтарин масҷид дар тамоми дараи Камароб ба шумор мерафт. Баъдан танҳо қабати дуюми биноро ҳамчун ибодатгоҳ боқӣ гузошта, қабати аввали биноро ба фароғатгоҳ табдил доданд. Дар ин қабати аввали бино мақомот маҷлису консертҳо баргузор мекарданд ва ҳамчунин мардум тӯю худоӣ ва дигар маъракаҳои худро барпо мекард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button