Хабарҳо

ПАҲЛАВОНБАЧАИ ТОҶИК МОШИНИ ШОҲҶОИЗААШРО БА ЯТИМХОНА БАХШИД

Рӯзи 26 феврали соли 2022 дар маҳаллаи Сайдалӣ Вализодаи ноҳияи Темурмалик бо сарпарастии соҳибкорони ин минтақа мусобиқаи гуштини миллӣ баргузор гардид. Дар ин мусобиқа, ки ба сифати ду шоҳҷоиза барои ғолибонаш ду мошин гузошта буданд, паҳлавонҳои номдори тоҷик ва ҳамчунин аз Ӯзбекистон иштирок доштанд.Бино ба иттилои сомонаи Ҳалво.Тҷ, бо талабу дархости мухлисон Саидшоҳ (паҳлавон аз ноҳияи Восеъ) ва Муҳаммад (паҳлавон аз ноҳияи Темурмалик), ки дар ҷараёни ин мусобиқа ҳар кадом чорнафариро мағлуб намуда буданд, барои як аз ин ду шоҳҷоиза ба майдон дахват шуданд.Дар ин рақобат пирӯзӣ насиби Муҳаммад шуд. Муҳаммад тавассути баландгӯ аз кулли мухлисон барои дастгириашон изҳори миннатдорӣ намуд ва бо суханонаш мухлисонро дигарбора ба ваҷд овард:“Мухлисони азиз, ҳар сухани шумо ба рӯҳияи ман таъсиргузор буд ва маҳз бо дастгириҳои шумо ман соҳиби ин Шоҳҷоиза гардидам. Ва ҳоло бошад, ин автомобилро ба ятимхонаи деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик тӯҳфа мекунам.” Муҳаммад ҳамагӣ 19 сол дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button