Хабарҳои кӯтоҳ

ВИДЕОИ БОЗПУРСИИ НАХУСТИН АСИРИ ТОҶИК ДАР УКРАИНА

Мақомоти ҳарбии Украина видеои бозпурсии як сарбози Русияро нашр карданд, ки мегӯяд аз Тоҷикистон аст ва Фахриддин Ҳоҷиқурбон ном дорад. Ӯ нақл мекунад, ки як ҳамшаҳриаш бо номи Роберт ӯро барои хидмат дар артиши Русия моил кард ва ӯ савори тонк ба Украина омад. “М ан фармондеҳи тонк будам, вале ҳанӯз ягон бор ҷанг нокарда, асир афтодам”, — нақл кард ин асир. Ба гуфтаи ӯ, онҳоро аввал дар ҳудуди вилояти бо Украина ҳаммарзи Брянск ҷойгир карданд ва онҳо шабона ҳаракат мекарданду рӯзҳо дар даруни ҷангал пинҳон мешуданд, то ки касе хабар наёбад. Вале дар бораи инки онҳоро ба ҷанг бурда истодаанд, ин сарбоз чизе намедонистааст. “Ба мо гуфтанд, ки шуморо ба машқҳои ҳарбӣ мебарем. Вале маълум шуд, ки моро ба ҷанги Украина фиристодаанд”, — нақл кард ӯ. Афсари украиние, ки бозпурсиро анҷом медод, гуфт, надонистан ӯро аз ҷавобгарӣ барои иштирокаш дар ҷанги бародаркушӣ халос намекунад. “Вале украиниҳо асиронро намекушанд. Ба падару модарат занг мезанем, бигзор омада, туро ба хонаат баранд”, — гуфт ин афсар.Аз 24 феврал ба ин тараф, баъди шурӯи ба ном “амалиёти махсуси ҳарбӣ” аз ҷониби Русия дар Украина афсарону аскарони захиравӣ, аз ҷумла даҳҳо тан аз муҳоҷирони тоҷике, ки шаҳрвандии Русия доранд, аз комиссариатҳои ҳарбии ҷои зисти худ даъватнома гирифтанд. Бино ба хабарҳо, алакай даҳҳо тан аз зодагони Тоҷикистон дар Украина дар саффи нирӯҳои Русия меҷанганд ва то имрӯз дар бораи кушта шудан ё ғайб задани дастикам се тоҷик дар ҷанги Украина хабарҳо ба даст расидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button