АфғонистонМинтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Толибон: Наврӯзро қабул надорем

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Мавлавӣ Муҳаммадсодиқ Оқиф Муҳоҷир, сухангӯ ва раиси иттилооти вазорати ва иршод – Амр ба маъруф ва ниҳӣ аз манкури ҳукумати толибон мегӯяд, ки Наврӯз дар ислом нест.Мавлавӣ Муҳаммадсодиқ Оқиф Муҳоҷир дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар ин бораи нигоҳи тллибон ба ҷашни Наврӯз гуфт: «Дар Ислом мо танҳо ду ид дорем: Иди Фитр ва Иди Қурбон. Дар ислом иди дигаре вуҷуд надорад, ки Наврӯз ном дошта бошад».

“Иди Наврӯз хос моли маҷусиҳост ва зарурат намебинем Наврӯзро баргузор намоем», — қад кард мақомдори толибон.Ин мақомдори аршади толибҳо дар бораи ин ки оё се рӯзи рухсатии Наврӯз дар соли оянда ҳифз хоҳад шуд ё на гуфт: “бояд дид, ки идораи кору умури иҷтимоӣ чӣ тасмим хоҳад гирифт, аммо ба эҳтимоли зиёд ин се рӯз таътил нахоҳад буд”.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button