Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Сарчашмаҳои муноқишаи Русия ва Украина

Таърихшиноси рус Олег Кузнетсов дар бораи моҳияти муноқишаи Украина, гуфт, ки дар он мубориза на барои қаламрав, балки барои ҷону мағзи ҳар як инсон аст

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Зарурат бар тартиб додани идеологияи давлатдории миллии Украина дар империяи Русия ба миён омада буд ва ба хотири мубориза бар миллатгароии лаҳистонӣ равона шуда буд, ки дар шуриши соли 1863 аз он шаҳодат медиҳад.

Дар ин бора ба Sputnik Озарбойҷон таърихшиноси рус Олег Кузнетсов хабар дод.Миллатчигии беларус ва украиниро бар муқобили Лаҳистон чӣ тавр истифода бурдандҲамчун воситаи асосии мувофик ва имконпазир дониста шуд, ки захираҳои идораи маъмурию бюрократии миллатчигии беларус ва украин истифода шавад.

Бо ин мақсад соли 1863 дар назди генерал-губернатори Вилна ва Киев комиссияҳои мустақили бостоншиносӣ ташкил карда шуданд. Натиҷаи фаъолияти онҳо ин буд, ки барои ин ду идеологияи навтаъсис тахкурсии фикрӣ ташкил гардад.Фаъолияти комиссияи бостоншиносии Вилна муваффакияти калони сиёсие надошт, зеро дворянҳои губернияҳои империяи Русия, ки имруз Беларуссия ва Литва дар қаламрави онхо вокеъ гардидаанд, худро авлоди Гертсоги Калони Литва хамчун қисми ҷудонашаванда хисоб мекарданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button