Хабарҳо

ЯК ҶАВОНЗАН БАРОИ ДУЗДИДАНИ ТИФЛИ НАВЗОД МАҲКУМ БА ЗИНДОН ШУД (ВИДЕО)

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Нигора Ахмедоваро бо ҷурми кӯдакрабоӣ б а 9 солу 6 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кардааст. Ин сокини деҳаи Кампирқалъаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар Ҳисор шавҳар карда буд, ба он айбдор дониста шуд, ки рӯзи 30 ноябри соли 2021 аз Маркази саломатии №13 шаҳри Душанбе як кӯдаки думоҳаро дуздид. Ӯро як рӯз баъд дастгир карданд. Манобеи “Бомдод” гуфта буданд, ки Нигора Ахмедова барои халос шудан аз таънаи бефарзандӣ чандин моҳ худро ҳомила вонамуд мекард ва баъди дуздидани кӯдак, он кӯдакро худам нав таваллуд кардам гуфта, ба хонааш бурдааст ва ба шавҳараш, ки дар Русия дар мардикорӣ қарор дорад, низ занг зада, хушхабар расондааст, ки “бубин, чӣ кӯдаки зебое бароят ба дунё овардам!”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button