Хабарҳо

Хотираҳо аз шодравон Аловиддин Абдуллоев: медонам ки мемурум намедонам ки кай мемурум (Видео)

Аловиддин Абдуллоев, ҳунарманд ва ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик ва сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, субҳи панҷшанбеи 17-уми феврал дар шаҳри Бохтар даргузашт. Хабари даргузашти ӯро масъулини Идораи фарҳанги вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ карданд. Ҳанӯз маълум нест, ки сабаби фавти ҳунарманди шинохта чӣ будааст.Дар ҳамин ҳол, Савсан Шарифзода, муовини раҳбари Раёсати фарҳанги Хатлон ба Озодӣ гуфт, ки Аловиддин Абдуллоев тайи ду рӯзи ахир аз фишорбаландӣ шикоят дошт. «То шаб якҷо кор кардем, манро то истгоҳ дар мошинаш бурд, ҳолаш хуб буд», -гуфт ҳамсӯҳбати мо.Аловиддин Абдуллоев 57 сол дошт ва зодаи шаҳри Бохтари вилояти Хатлон буд. Абдуллоев хатмкардаи Донишкадаи фарҳанги ба номи Мирзо Турсунзода буд ва солҳо дар театри шаҳри Бохтар кор мекард. Абдуллоев се соли ахир раҳбарии Сарраёсати фарҳанги вилояти Хатлонро ба ӯҳда дошт.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button