Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Таркишҳои мудҳиш дар Киев. Дар Изюм 8 кас ҷон бохтааст

Шаби гузашта дар робита ба идома ёфтани ҳамлаҳои мусаллаҳонаи Русия дар чанд минтақаи Украина бонги хатари ҳавоӣ зада шуд.

Киев, Харков ва чандин шаҳри дигари Украина мавриди ҳадаф қарор гирифтанд. Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, дар чандин шаҳри Украина рафти бомборонҳо шиддат ёфтаааст.

Дар натиҷаи афтодани як гулӯла дар шаҳри Изюми вилояти Харкови Украина 8 нафар кушта шудаанд, ки дар миёнашон кӯдакон низ ҳастанд.

Расонаи украинии УНИАН бо истинод ба муовини шаҳр Владимир Матсокин хабар дод, ки гулӯла ба як бинои истиқоматӣ афтодааст. Ба гуфтаи ӯ, шуъбаи маҳаллии пулис низ мавриди ҳадаф қарор гирифт.

Шаҳрдори Херсон Игор Колихаев хабар дод, ки нерӯҳои Русия ба ноҳия ва кӯчаҳои марказии шаҳр расидаанд. Як рӯз пеш Вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки сарбозонаш Херсонро тасарруф карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button