Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳ

Путин русҳо ва украинҳоро як халқ номид

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Русҳо ва украинҳо як мардуманд, гуфт Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва илова намуд, ки аз ин эътиқоди худ ба ҳеҷ ваҷҳ даст намекашад.

«Ман ҳеҷ гоҳ аз эътиқоди худ даст намекашам, ки русҳо ва украинҳо як халқ ҳастанд, ҳатто бо вуҷуди он ки қисми зиёди сокинони Украинаро тарсонданд, бисёриҳо ба таблиғи миллатгароёни фашистӣ фирефта шудаанд ва баъзеҳо ба қатори фашистҳое шомил шуданд, ки дар солҳои ҷанг аз Гитлер ҷонибдорӣ мекарданд», — изор дошт Путин дар мулоқот бо аъзои доимии Шӯрои Амният.Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро субҳи барвақти 24 феврал шуруъ кард. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадаф аз онро “ҳимояти мардуме, ки тӯли ҳашт сол аз тарафи режими Киев мавриди тамасхур ва наслкушӣ қарор доштанд”, унвон кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button