Хабарҳои кӯтоҳ

Вазири хориҷаи Украина: 19 кишвар силоҳ мефиристад, аз 16 кишвар ихтиёриён меоянд

Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина рӯзи 2 март гуфт, ки 19 кишвар ба Украина силоҳ мефиристад ва аз 16 кишвар ихтиёриён ба ҷанги зидди Русия меоянд.

«Мо тавонистем, ки зидди ҷанг эътилофи байналхалқӣ ташкил кунем. Дар эътилоф на камтар аз 86 кишвар ва 15 созмони байналхалқӣ шомил ҳастанд. 19 кишвар ба Украина аслиҳа мефиристанд ва бархе аз ин кишварҳо бори аввал аст, ки ба кишвари дигар аслиҳа медиҳанд. 10 кишвар кӯмаки молӣ мерасонанд ва 22 кишвари дигар кӯмаки башардӯстона. Ихтиёриён аз 16 кишвар шона ба шона бо мардуми украин меҷанганд. Имрӯз теъдоди онҳо аз ҳазор бештар аст ва дархост аз ихтиёриён дигар меафзояд», — гуфт Кулеба дар нишасти рӯзи 2-юми март.

Шуруъ аз 1-уми март дар Украина барои ихтиёриён низоми бераводид ҷорӣ шудааст. Кулеба хабар дод, ки 38 кишвар фазои худро барои ҳавопаймоҳои Русия бастаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button