Хабарҳо

ҶАНГ ДАР УКРАИНА. РӮЗИ ҲАФТУМ: РУСИЯ АЗ ИШҒОЛИ ШАҲРИ ХЕРСОН ХАБАР ДОДДИҚҚАТ!

Тавассути манобеи дигар санҷидани дурустии маълумоти мақомоти ҳарбии Русияву Украина дар бораи талафот ва пешравиҳояшон дар майдони ҷанг имкон надорад.Вазорати мудофиаи Украина субҳи 2 март хабар дод, ки аз 24 феврал то субҳи 2 март талафоти нирӯҳои Русия 5840 нафарро ташкил дода, нирӯҳои Украина дар ин муддат до 211 тонк, 862 мошини зиреҳпӯш, 85 тӯпхона, 40 шабакаи оташандози реактивӣ, 9 шабакаи зиддиҳавоӣ, 30 ҳавопаймо, 31 чархбол, 355 мошини ҳарбӣ, 2 катер, 3 ҳавопаймои бесарнишин ва 60 систерна сӯзишвории артиши Русияро нобуд кардаанд.Игор Конашенков, намояндаи вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки нирӯҳои Русия шаҳри Херсонро дар ҷануби Украина пурра ишғол карда, роҳи нирӯҳои Украинаро ба сӯи баҳри Азов пурра бастанд. Конашенков гуфт, нирӯҳои Русия аз шурӯи “амалиёти махсуси ҳарбӣ” дар Украина ба 1502 иншооти ҳарбии ин кишвар ҳамла оварда, аз ҷумла 51 бунгоҳи фармондеҳӣ ва алоқа, 38 шабакаи зенитии С-300, “Бук” ва “Оса”, 51 истгоҳи радиолокатсиониро ҳадаф қарор додаанд. Ӯ афзуд, нирӯҳои Русия дар ин муддат 58 ҳавопаймо, 472 тонку мошинҳои дигари зиреҳпӯш, 62 шабакаи оташандози реактивӣ, 206 тӯпхонаву миномёт, 336 мошини ҳарбӣ ва 46 ҳавопаймои бесарнишини Украинаро нобуд кардаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button