Хабарҳо

ФАВРӢ! РУСИЯ ҲАЛОКАТИ 498 АСКАРУ АФСАРАШРО ДАР УКРАИНА РАСМАН ТАСДИҚ КАРД (ВИДЕО)

Игор Конашенков, намояндаи расмии вазорати мудофиаи Русия ҳоми 2 март бори аввал арқоми мушаххасеро дар бораи талафоти ҷонии артиши ин кишвар дар Украина нашр кард. Аммо ӯ мегӯяд, талафоти ҷониби Украина дар як ҳафтаи аввали “амалиёти махсуси ҳарбӣ” хеле бештар аст. “Мутаассифона, дар байни рафиқони мо, ки дар ин амалиёти махсуси ҳарбӣ иштирок доранд, талафот ҳаст. 498 ҳарбии Русия ҳангоми иҷрои қарзи ҳарбии худ ба ҳалокат расиданд. 1 597 тан аз ҳамсангарони мо ҷароҳат бардоштанд”, — хабар дод генерал Конашенков. Дар айни замон, афзуд намояндаи вазорати мудофиаи Русия, талафоти ҷонии тарафи Украина ба маротиб бештар буда, 2870 нафар аз нирӯҳои он кишвар кушта ва ҳудуди 3700 тани дигараш захмӣ шудаанд.Ин дар ҳолест, ки Ситоди кулли артиши Украина мегӯяд, ки талафоти ҷонии нирӯҳои Русия аз 24 феврал то 2 март 5840 нафаррро ташкил дод. Вале ин ниҳод мушаххас накардааст, ки ин рақам танҳо кушташудаҳоро дар бар мегирад, ё ҳам куштаҳову ҳам захмиҳоро? Артиши Украина чанд рӯзи охир дар бораи талафоти ҷониби худ ягон рақами ҷадид нашр накардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button