Хабарҳо

ВАЗИРИ ТЕХНОКРАТ: АЗИМ ИБРОҲИМ БА СИННИ 60 РАСИД

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, яке аз вазирони хушном ва ҳирфаии тоҷик, ё ба қавли маъруф, аз вазирони технократ рӯзи 1 март ба синни 60 расид. Азим Иброҳим аз ҷумлаи нахустин нафаронест, ки ҳанӯз дар ибтидои солҳои 90 ному насаби худро тоҷикӣ карда буд ва ин амал чандин сол, то замоне ки соли 2007 худи президент Эмомалӣ Раҳмонов насабашро тоҷикӣ накард, ба рушди карераи Азим Иброҳим халалҳои ҷиддӣ ҳам мерасонд. Азим Иброҳим ҳамчунин падари 6 фарзанд аст ва аз ин нигоҳ низ яке аз вазирони аз ҳама серфарзанд дониста мешавад. Ӯ ҳамин тавр, аз он ангуштшумор вазирони тоҷик аст, ки маълумоти олиро дар хориҷ аз Тоҷикистон ва он ҳам ҳанӯз дар даврони Шӯравӣ гирифтааст. Азим Иброҳим номзади илмҳои техникӣ мебошад ва ба фарқ аз бархе мансабдорони тоҷик, ки рисолаҳояшонро дигарон навиштаанд, Азим Иброҳим солҳои зиёде фаъолияти илмӣ кардааст ва рисолаашро худаш навиштаву худаш мустақилона, ҳанӯз то расидан ба мансабҳои баланд, ҳимоят кардааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button