Хабарҳо

АЗ 6250 ТО 50 ҲАЗОР: ТАҚДИМИ ҶОИЗАҲОИ ПРЕЗИДЕНТ БА 32 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК

Рӯзи 1-уми март дар Кохи “Суруш”-и пойтахт маросими тақдими ҷоизаҳои президенти Тоҷикистон ба варзишгарони аз ҳама комёб дар соли 2021 баргузор шуд. Дар умум 32 варзишгар миёни калонсолон, ҷавонон ва наврасон дар чемпионатҳои Осиё оид ба 4 намуди варзиш – дзюдо, гуштин, бокс, таеквондо — сазовори медал ва ҷоизаи президент гардиданд. Бо ин мақсад аз Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 450 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда буд. Аз ҷумла Сомон Маҳмадбеков ва Далер Ризозода, ки дар чемпионати Осиё оид ба дзюдо ва гуштини юнонию римӣ медали нуқра ба даст оварданд, ҳар кадом 50 ҳазор сомонӣ ҷоиза (10 ҳазор сомонӣ барои мураббиёнашон) гирифтанд. Гуштингирон Комроншоҳи Устопириён ва Темур Раҳимов, ду муштзани мард Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев ва ду бонуи муштзан Миҷгона Самадова ва Шоира Зулқайнарова, ҳамчунин таэкввондочӣ Моҳрӯ Ҳалимова барои медалҳои биринҷии чемпионати Осиё ҳар кадом бо 25 ҳазор сомонӣ (5 ҳазор сомонӣ барои мураббиёнашон)сарфароз гардонда шуданд. 23 варзишгари дигар барои дастовардҳои худ дар арсаҳои байналмилалӣ ба маблағи аз 6250 то 18750 сомонӣ ҷоиза гирифтанд. Қобили тазаккур аст, ки дар ҳар маврид дар баробари варзишгарон мураббиёни онҳо низ қадрдонӣ карда шуданд.Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишии байналмилалӣ соли 2015 таъсис ёфта, дар давоми 7 сол 201 ҷоиза аз номи президент ба варзишгарон ва мураббиёнашон тақдим гардидааст. Маблағи умумии сарфшуда барои ҷоизаҳои президент дар ин 7 сол 4 миллиону 392 ҳазору 500 сомониро ташкил дод.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button