Хабарҳо

Амалиёти Русия дар Украина — шаб чӣ гузашт?

Байден хавфи ҷанги ҳастаиро намебинад. Бори аввал НАТО унсурҳои нерӯҳои вокунишро дар заминаи дифоъи дастаҷамъӣ ҷойгир мекунад

ДУШАНБЕ, 1 март — Sputnik. Амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина идома дорад, хабар медиҳад РИА Новости.Шарҳи мухтасари ҳодисаи шаби 28 ба 1 мартро пешкаш мекунем.

Пентагон ва ҷанги ҳастаӣ

Рӯзноманигор дар Кохи Сафед аз президент Ҷо Байден пурсид, ки оё амрикоиҳо бояд аз ҷанги ҳастаӣ битарсанд? Байден ҷавоб дод: «Не». Пентагон гуфт, ки ИМА таҳдиди Русияро ба иттифоқчиёни НАТО намебинад.Сухангӯи Кохи Сафед Ҷен Псакӣ гуфт, Вашингтон тамосҳои Байден ва президенти Русия Владимир Путинро истисно намекунад, аммо бовар дорад, ки ҳоло вақти муносиб барои ин нест.Вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, Иёлоти Муттаҳида барои ҳалли дипломатӣ дар Украина омода аст.Мeta дастрасиро ба RT ва Sputnik дар ИА маҳдуд мекунад.

Пайвастани Украина ба Иттиҳоди Аврупо

Ариза барои пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо сабти ном шудааст, гуфт намояндаи Украина дар Иттиҳодияи Аврупо Всеволод Чентсов.Сарони Булғористон, Ҷумҳурии Чех, Лаҳистон, Словакия, Словения ва кишварҳои соҳили Балтик аз Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, ки фавран ба Украина мақоми як кишвари довталаб дода ва музокира дар бораи вуруди он ба иттиҳодияро оғоз кунад.Кумитаи низомии НАТО дар пайи як нишасти изтирорӣ гуфт, ки паймон барои нахустин бор унсурҳои нерӯҳои вокунишро дар заминаи дифоъи дастаҷамъӣ мустақар мекунад.

ДОИШ дар Украина

Муовини вазири умури хориҷаи Сурия Башор Ҷаъфарӣ гуфт, хадамоти истихборотии Амрико қодир аст террористҳои ДОИШ* ва дигар гурӯҳҳои радикалиро ба Украина интиқол диҳанд, Вашингтон барои ин ҳама имконоти логистикиро дорад.Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида террористонро ба минтақаи Ат-Танф (қаламрави Сурия, ки артиши ИМА ишғол кардааст) интиқол медиҳад ва аз онҷо ба Афғонистон ва Буркина Фасо (Африқои Ғарбӣ) фиристода мешавад.Раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон низоъ дар Украинаро баррасӣ кард.Эрдуғон омодагии худро барои кумак ба ҳалли низоъ эълом кард.Путин, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, вазири дифоъ Сергей Шойгу, муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов ва дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев таҳти таҳримҳои шахсии Ҷопон қарор гирифтанд.Агар ошкор шавад, дороиҳои онҳо дар Ҷопон боздошта мешаванд. Намояндагии ҶХД дар Маркази муштараки назорат ва ҳамоҳангсозии оташбас гуфт, дар тӯли 12 рӯзи авҷ гирифтани авзоъ дар ҶХД 20 ғайринизомӣ кушта, 62 нафар маҷрӯҳ шуданд, қариб 300 бинои истиқоматӣ, тақрибан 150 иншооти инфрасохторӣ осеб диданд.*ДОИШ як созмони террористӣ аст, ки дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе кишварҳои дигар мамнӯъ аст

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button