Путин фармон дод, ки нерӯҳои стратегӣ ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузоринида шаванд — видео
Раисҷумҳури Русия ба вазири дифоъ ва раиси ситоди кулли Русия фармон дод, ки нерӯҳои стратегиро ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронанд
ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва Валерий Герасимов, раиси ситоди кулли артиши Русия, дастур дод, нирӯҳои стратегии артиши Русия ба реҷаи махсуси ҷангӣ гузаронида шаванд.“Кишварҳои ғарбӣ на танҳо алайҳи кишвари мо дар бахши иқтисодӣ иқдомоти ғайридӯстона мегиранд, ман он таҳримҳоро дар назар дорам, ки ҳама хуб медонанд, балки мақомоти баландпояи кишварҳои пешрафтаи НАТО низ алайҳи кишвари мо изҳороти таҳаммулнопазир мекунанд», — гуфт роҳбари Русия.Тавре ки сомонаи Вазорати дифои Русия навиштааст, нерӯҳои стратегӣ «барои ҷилавгирӣ аз таҷовуз бар зидди Русия ва муттаҳидони он, инчунин барои шикаст додани таҷовузкор, аз ҷумла дар ҷанг бо истифодаи яроки ядрой” мебошанд.