Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Русия шумораи парвозҳо ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Русия аз 14-уми март шумори парвозҳои мунтазам ба 16 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро афзоиш медиҳад.Дар ин бора дар ситоди федеролии муқобила бо коронавирус хабар доданд.Тибқи гузориш, муовини нахуствазир Татяна Голикова аз номи нахуствазир Михаил Мишустин ҷаласаи ситоди фаврӣ оид ба ҷилавгирӣ аз ворид ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар Русия баргузор кардааст.

«Тасмим гирифта шуд, ки аз 14 март шумораи парвозҳои мунтазам бо кишварҳои зерин ба таври мутақобила зиёд карда шавад», — гуфта мешавад дар изҳорот.Ба феҳристи кишварҳое, ки теъдоди парвозҳо ба онҳо афзоиш хоҳад ёфт, ҳамчунин Озарбойҷон, Арманистон, Баҳрайн, Ветнам, Ироқ ва Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдив, Муғулистон, Арабистони Саудӣ ва Ӯзбекистон шомил шудаанд.Ҳамчунин парвозҳо ба Ҳиндустон, Сербия ва Таиланд низ афзоиш ёфт.Илова бар ин, аз 14 март ситоди оперативӣ парвозҳоро бо Чин ва Индонезия барқарор мекунад.Пекин, Гуанчжоу ва Шанхай дар ҳар як самт ҳафтае як парвоз ва дар як ҳафта се парвоз ба Бали оғоз мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button