ТОҶИКИСТОНХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Генерал Назарзода: Ман такя ба мардуми бошарафи Бадахшон мекунам!

Сардори тозатаъйини Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ гуфтааст, ки дар фаъолияти корӣ барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирӣ аз ҷиноят ба хиради волои мардуми сарбаланди Бадахшон такя хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Ахиран дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо иштироки Иброҳимзода Нозим, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон маросими шиносоии сардори нави раёсат ва натиҷагирӣ аз фаъолияти генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти милитсияи пойтахт баргузор гардид.Зимни суханронӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ гуфтааст, ки дар тӯли чаҳор соли фаъолият мақомоти корҳои дохилии пойтахт таҳти роҳбарии генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба натиҷаҳои баланди хизматӣ ноил гардид.

“Пурарзиштарин натиҷа ин боварӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба милитсия мебошад, ки бо фаъолиятҳои хастагинопазиру шабонарӯзӣ ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба даст омадааст”, — таъкид кардааст Иброҳимзода Нозим.

Дар ҳамин ҳол генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханронии худ қайд намудааст, ки дар фаъолияти кории худ дар ВМКБ ба мардуми Бадахшон такя хоҳад кард.“Дар фаъолияти корӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини волоияти қонун ва таҳкими сулҳу суботу якдигарфаҳмӣ ба хиради волои мардуми сарбаланди Бадахшон такя намуда, дар якҷоягӣ бо тамоми сокинони вилоят ба дастовардаҳои назаррас ноил мегардем”, — гуфт ӯ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button