Минтақа ва ҶаҳонХабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳақонӣ: раванди ба расмият шинохтани ҳукумати толибон “хомӯшона” ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Анас Ҳаққонӣ, бародари Сироҷиддин Ҳаққонӣ сарпарасти вазорати хориҷаи ҳукумати толибон, бо ишора ба боз шудани сафоратхонаҳои ҳукумати нави Афғонистон дар бархе аз кишварҳо гуфт, ки раванди ба расмият шинохтани Аморати исломӣ хомӯшона идома дорад, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.“Дар натиҷаи талошҳои сиёсӣ имрӯз дар Кобул пур аз сафоратхонаҳост ва мо дар бисёре аз кишварҳо сафоратхонаҳо боз кардем. Раванди эътирофи ҳукумати Толибон хомӯшона идома дорад”, — гуфт Анас Ҳаққонӣ.Вай бо таъкид бар он, ки ихтилофҳо набояд ба арзишҳои миллӣ осеб расонанд, аз нерӯҳои толибон даъват кард, ки ба авфи умумӣ риоя кунанд ва қасос нагиранд.“Агар, ки нерӯҳои толибон ва ё масъулини давлат бар шумо фишор меорад, ин сиёсати мо нест. Мо ба шумо итминон медиҳем, ки агар касе мушкили дорад, метавонад барои ҳалли он ба масъулин муроҷиат кунад.Қаблан Абдулқаҳор Балхӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон бар зарурати эътирофи ҳукумати Толибон таъкид кард ва гуфт, ки онҳо тамоми шароитро барои эътироф ба унвони як ҳукумат доранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button