Хабарҳои кӯтоҳҶомеа

Ҳалокати чаҳор муҳоҷир бар асари сӯхторе дар Красноярск

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Бар асари сӯхтор дар ноҳияи Курагинскии Красноярск чаҳор нафар ба ҳалокат расида, се нафар ҷароҳат бардоштанд.Дар ин бора хадамоти матбуоти Сарраёсати вилоятии Вазорати ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.Тибқи иттилои манбаъ, хабари сӯхтори се вагони чӯбӣ, ки муҳоҷирон дар он мезистанд соати 00:54 ба вақти маҳаллӣ расид.»Дар натиҷаи сӯхтор 4 шаҳрванди хориҷӣ ба ҳалокат расидаанд», — омадааст дар хабар.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки се ҷароҳатбардоштаи дигар дар бемористони ноҳияи Курагинская бистарӣ шудаанд.Тибқи маълумоти муқаддамотии додситонӣ, маҷрӯҳшудагон ва ҳалокшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд. Додситонӣ аз оғози тафтишот хабар дод.Дар Сарраёсати вилоятии Кумитаи тафтишотӣ дар бораи боз кардани парвандаи ҷиноӣ дар робита ба марг аз хунукназарӣ хабар доданд.Фавту маҷрӯҳ шудани 7 муҳоҷир дар Иркутск: Ифтитоҳи парванда ва шарҳи сафорати ТоҷикистонТахмин меравад, ки сабаби сар задани сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ, муносибати беэҳтиётона бо оташ будааст.Тибқи маълумоти муқаддамотии тафтишот, фавтидагон ва маҷрӯҳшудагон кормандони ташкилоти пудратчии ҶДММ «ArkStoun», ки ба таъмири роҳҳо машғул аст, будаанд.Қаблан дар вилояти Иркутск афроди ношинос як макони зисти муҳоҷиронро оташ заданд, ки дар он ду муҳоҷир ҷон бохтанд.Ҳамзамон дар пайи сӯхтор панҷ тани дигар ҷароҳат бардошта буданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Back to top button